Кишварҳои ИДМ: Таҳрими кишварҳо нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст
Вазирони умури хориҷаи Русия, Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар баёнияе истифода аз таҳримро ба унвони аҳроми фишор бар дигар кишварҳо маҳкум карданд ва онро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ донистанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, кишварҳои муштаракулманофеъ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар ин баёния аз афзоиши иқдомоти якҷонибаи иҷборӣ, аз ҷумла иқдомоти иқтисодӣ алайҳи дигар кишварҳо ибрози нигаронӣ карданд.
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки бар асоси фасли ҳафтуми эъломияи Милали Муттаҳид эъмоли муҷозот алайҳи кишварҳо фақат аз ихтиёроти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.
Кишварҳои ИДМ ба аҳамияти асли мудохила накардан дар умури дохилии давлатҳои мустақил ишора ва изофа карданд, ки тибқи ин асл ҳар гуна мудохила бо ҳадафи сарнагунии давлатҳои қонунӣ ва ҳамчунин эъмоли фишор, нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.
Ҳамаи кишварҳои имзокунандаи ин баёния ба ҷуз Туркманистон аъзои комили ИДМ ҳастанд, аммо Туркманистон бар асоси ҳуқуқи узвият дар он узв аст.
Бештар бихонед:
- Эътои гувоҳиномаи пойтахти фарҳангии ИДМ ба шаҳрдори Душанбе
- Ташкили Комиссияи ҳуқуқи башар дар ИДМ
- Путин: ИДМ муҳимтарин ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии Русия аст