Эътирозот ба хушунат алайҳи осиёитаборҳо дар нуқоти мухталифи Амрико
(last modified Sun, 28 Mar 2021 15:41:00 GMT )
Март 28, 2021 20:41 Asia/Dushanbe
  • Эътирозот ба хушунат алайҳи осиёитаборҳо дар нуқоти мухталифи Амрико

Тазоҳурот дар эътироз ба хушунат алайҳи осиёитаборҳо дар нуқоти мухталифи Амрико дар шаҳрҳои Лос – Анҷелес, Сан Франсиско ва Атланта баргузор шуд.

Ба гузориши “Ассошейтед Пресс”, муътаризон дар шаҳрҳои Лос – Анҷелес, Сан Франсиско ва Атлантаи Амрико рӯзи шанбе бо барпоии тазоҳурот, дар даст доштани овезаҳо ва сар додани шиорҳое дар ҳимоят аз ҷомеаи осиёитабори ин кишвар, хостори таваққуфи ҳамалот ва хушунатҳо алайҳи осиёитаборҳо дар саросари Амрико шуданд.

Ин эътирозот пас аз он баргузор шуд, ки тирандозии густардаи ахир дар шаҳри Атланта мунҷар ба кушта шудани ҳашт нафар, аз ҷумла шаш зани осиёитабор шуд ва тавваҷуҳи мардумро ба афзоиши ҳамалоту озору азияти шаҳрвандони осиёитабори Амрико дар соли 2020 ҷалб кард.

Оморҳо нишон медиҳанд, ки хушунату нафрат алайҳи осиёитаборҳо дар Амрико дар даврони ҳамагирии корона афзоиши чашмгире доштааст.

Аз ибтидои густариши вируси корона дар Амрико, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар борҳо бо иттиҳомзанӣ ба Чин, вируси коронаро «вируси чинӣ» ё «вируси Вуҳон» номид, ки ба шаклгирии мавҷе аз хушунати гурӯҳҳои ифротӣ алайҳи шаҳрвандони осиёитабор анҷомид.