Оғози муҳокимаи афсаре, ки ба қатли Ҷорҷ Флойд муттаҳам мешавад
Рӯзи сешанбе дар додгоҳ мурофиаи Дерек Чавин, як афсари сафедпӯсти амрикоӣ, ки дар қатли Ҷорҷ Флойд сиёҳпӯст айбдор мешавад, оғоз мешавад.
Ба гузориши хабаргузории садо ва симо: Муҳокимаи як афсари собиқи полиси Миннеаполис имрӯз - 10 моҳ пас аз қатли Ҷорҷ Флойд шурӯъ мешавад - ва натиҷаи он барои муносибатҳои нажодӣ дар Амрико муҳим ва пурхатар аст.
Пас аз марҳалаи печидаи гузиниши аъзои ҳайати мунсифаи додгоҳ, акнун вақти он расидааст, ки аъзо изҳороти муқаддамотии баёнияҳои аввалинро бишинаванд.
Вакили мудофеъ Чавин ин гуна истидлол мекунад ки муваккилаш омили марги Флойд набудааст.
Даъвогар аввал айбномаи худро пешниҳод мекунад ва ба эҳтимоли бисёр фаровон муҳимтарин далел ва шоҳиде, ки вуҷуд дорад тасвири видиёист, ки дар он нишон дода мешавад Чавин дар ҷараёни дастгирии Флойд дар моҳи маҳи соли гузашта наздик ба 9 дақиқа зонуи худро рӯи гардани Флойд қарор додааст.
Ин тасвир, ки бо телефони ҳамроҳ гирифта шуда дар фазоии маҷозӣ беш аз 10 миллион бор ба иштирок гузошта шуд ва моҳҳо эътирози густарда дар саросари дунё зидди беадолатии нажодӣ ва хушунату ваҳшигарии полиси Амрико ба роҳ андохт.
«Ҷорҷ Флойд » шаҳрванди сиёҳпӯсти сокини Миннесота буд, ки 25 майи соли 2020 қурбонии як афсари сафедпӯсти амрикоӣ шуд.
Бештар бихонед: