Апрел 03, 2021 11:34 Asia/Dushanbe
  • Князов: Таъин шудани волии Ворух ҳалли баҳси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон нест
    Князов: Таъин шудани волии Ворух ҳалли баҳси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон нест

Коршиноси рус дар умури Осиёи Марказӣ пешниҳоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро дар бораи ба Қирғизистон супоридани фармондории Ворухи Тоҷикистонро танишовар ва иғвоангез тавсиф кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик Александр  Князов бо ишора ба ҷидоли лафзии мақомоти тоҷику қирғиз бар сари пешниҳоди генерал  раиси Комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қомчибек Ташиев дар бораи вогузории минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд гуфтааст, ки ин тарҳи ғайримасулона ва ва танишовар аст ва дурнамоии ҳали ихтилофоти марзиро печида мекунад. 

Князев илова кард: Танҳо роҳи ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ бар сари созишномаи бархе аз манотиқи мавриди низоъи ду кишвар аст ва на вогузории волии Ворух.
 

  
Дар рӯзҳои ахир шоеаи вогузории минтақаи 30 ҳазор нафарии Ворух дар ноҳияи Исфара ба тарафи қирғиз дар баробари дарёфти 12 ҳазор гектар замин аз ноҳияи Ботканд ба ҷидоли лафзӣ миёни вазири  умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва генерал Қомчибек Ташиев, раиси Комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон мунҷар шуд ва мавзӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарии минтақа низ кашида шуд. 

Зарифӣ таъкид кардааст, ки Ворух ҷузви ҷудоинопазири Тоҷикистон аст ва таҳти ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд. 

Ташиев ҳам гуфта, ки ин танҳо як пешниҳод будааст, ки дар музокироти ахир ба тарафи Тоҷикистон ироа шудааст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп