Амрико бахше аз таҷҳизоти низомиашро аз Арабистон хориҷ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i64610
Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дар доираи сиёсати нави маъмурияташ дар бознигарии муносибатҳои Вашингтон бо Риёз баъзе қобилиятҳои низомии Амрикоро аз Арабистони Саудӣ бозпас гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 03, 2021 14:43 Asia/Dushanbe
  • Иёлоти Муттаҳида се системаи зиддиҳавоии Патриотро аз Халиҷи Форс бозпас гирифт
    Иёлоти Муттаҳида се системаи зиддиҳавоии Патриотро аз Халиҷи Форс бозпас гирифт

Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дар доираи сиёсати нави маъмурияташ дар бознигарии муносибатҳои Вашингтон бо Риёз баъзе қобилиятҳои низомии Амрикоро аз Арабистони Саудӣ бозпас гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, рӯзномаи Вол Стритт журнал дар гузорише навишт: Ин таҳаввули низомӣ дар ҳоле сурати гирифтааст, ки Риёз ба кумакҳои низомии Амрико дар ҷанг алайҳи Яман муҳтоҷ аст. 

Бар ин асоси Амрико се сомонаи дифоии оташбори зиддиҳавоии Патриоти худро аз минтақаи халиҷи Форс хориҷ кардааст, ки ин сомона ба манзури муҳофизат аз нерӯҳои амрикоӣ дар ин бахш аз Арабистон мустақар шуда буд. 

Ҳамчунин як  киштии ҳавопаймо ва системаи назорат низ Арабистони Саудиро тарк карданд.

Ба гуфтаи баъзе мақомоти амрикоӣ, эҳтимол дорад, ки Амрико иншоот ва нерӯҳояшро аз Арабистони Саудӣ коҳиш диҳад. 

 

Бештар бихонед: