Чойи гарм саратонро меоварад
(last modified Mon, 05 Apr 2021 13:43:20 GMT )
Апрел 05, 2021 18:43 Asia/Dushanbe
  • Агар афроди тамокукаш бисёр чойи гарм истеъмол кунанд, хавфи саратон ду баробар зиёд мешавад
    Агар афроди тамокукаш бисёр чойи гарм истеъмол кунанд, хавфи саратон ду баробар зиёд мешавад

Муҳаққиқони соҳаи тиб мегӯянд, ки нӯшидани чойи гарм ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, мушоҳидоту таҳқиқот рӯи 500 ҳазор нафар дар чандин сол нишон додааст, ки масрафи муназзами чойи доғ бо дамоии болотар аз 65 дараҷа хатари ибтило ба саратони сурхакро афзоиш медиҳад. 

 Профессори Ведат Грал  гастроэнтеролог мегӯяд: Тибқи мутолиоти анҷомшуда дар Тоҷикистон, Узбекистон, шарқи Туркия, Чину Қазоқистон ба далели масрафи зиёди чой ва нӯшиданиҳои гарм бо омори болотаре аз ибтило ба саратони сурхак рӯ ба рӯ ҳастем ва албата хатари ибтило ба ин беморӣ дар сурати сигор кашидан ва нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ низ афзоиш меёбад.  
 

Ӯ илова кард: Агар афроди тамокукаш чойи доғи зиёде бнӯшад, хатари ибтило ба саратон дар онон ду баробар мешавад ва агар машрубот низ бинӯшад ин эҳтимол панҷ бор афзоиш меёбад. 

 Грал гуфт: саратони сурхак шашумин иллати марг дар ҷаҳон аст ва як бемории ҷиддист, ки пояи генетикӣ дорад, аммо авомили муҳаррике низ дар бурузи он дахил аст. 

 

Бештар бихонед: