Вокуниши Маскав ба ҳодисаи таъсисоти ҳастаии Эрон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова дар вокуниш ба ҳодисаи таъсисоти ҳастаии Натанз гуфт: Маскав дар сурати амдӣ будани ин ҳодиса , онро ба шиддат маҳкум мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Русия ҳам дар баёнияе эълом кард: Маскав умедвор аст, ки ҳодисаи таъсисоти Натанз дар Эрон талошҳо барои эҳёи муҷаддади тавофуқномаи ҳастаиро хадшадор накунад ва ҳадяе ба мухолифон барҷом набошад.
Ин баёния меафзояд: мутахассисони Эронӣ тавонистанд ба сурати касбӣ аз паси авоқиби инфиҷор дар таъсисоти ҳастаии Натанз барояанд.
Ҳамлаи рӯзи якшанбе дар таъсисоти атомии Натанз дар Эрон дар ҳоле рух додааст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли музокира барои бозгардондани Эрон ва Амрико ба тавофуқи ҳастаии Эрон ҳастанд .
Ин ҳамлаи харобкорона, бо ҳадафи таваққуф ва ба ақаб баргардондани ин музокирот аст.
Бештар бихонед: