Ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ мунташир шуд
(last modified Tue, 20 Apr 2021 07:00:19 GMT )
Апрел 20, 2021 12:00 Asia/Dushanbe
  • Ин китоб дарбаргирандаи  50  ғазал аз ғазалиёти ин шоир аст
    Ин китоб дарбаргирандаи 50 ғазал аз ғазалиёти ин шоир аст

"Дафтари ишқ" дар баргузидаи мунтахаби ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ аз орисфон ва шоирони порсигӯ ба забони олмонӣ мунташир шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба муносибати ҳафтсадумин солгарди таваллуди Камоли Хуҷандӣ, мунтахаби ғазалиёти ин шоири порсизабон ба номи «Дафтари ишқ » ба забони олмонӣ мунташир шудааст. 

Ин китоб дарбаргирандаи 50 ғазал аз ғазалиёти ин шоир аст ки Александр Ҳойзер  онро ба олмонӣ тарҷума кардааст. 

Вижагии ин тарҷумаҳо он аст ки нависанда  шеърҳоро аз забони модарии шоир ба олмонӣ баргардонда ва талош кардааст, ки гавҳари калому асолати онро ҳифз кунад. Дар китоби « Дафтари ишқ » 50 ғазал аз Камоли Хуҷандӣ ба забони олмонӣ муаррифӣ шудааст.

Дар ин маҷмӯа ҳамчунин беш аз 20 мақола ҷамъоварӣ шудааст, ки мавзӯи аслии онҳо алоқа ва тавваҷӯҳи нависандагони ғарбӣ ба адабиёти форсӣ-  тоҷикӣ ва таҳқиқоташан дар ин замина аст. 

Александр Ҳойзер, мунтақиди адабӣ, шарқшинос, журналист ва мутарҷими тоҷикии хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва мадрасаи олии Сан- Петербург аст ва дар солҳои ахир  сокини шаҳри Берлин будааст. 

Ҳойзер дар даврони иқомати худ дар Берлин раёсати анҷумани Олмон  Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта ва барои густариши фарҳангу адабиёти форсӣ - тоҷикӣ дар Олмон кӯшиш кардааст. 
Ӯ шеърҳои шоирони бузурге ҳамчун Рӯдакӣ, Хайём,Саъдӣ, шайхи Камол, Ҷомӣ ва Фарзонаро низ ба забони олмонӣ тарҷума кардааст. 

Камолиддини Хуҷандӣ дар соли 792 ҳиҷрии қамарӣ ё 808 ҳиҷрии қамарии даргузашт ва ормгоҳи ӯ дар шаҳри Табрези Эрон аст. 
  
  
 Бештар бихонед: