Апрел 23, 2021 16:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла бо асид ба духтари мусулмон дар иёлоти Ню-Йорки Амрико
    Ҳамла бо асид ба духтари мусулмон дар иёлоти Ню-Йорки Амрико

Як духтари донишҷӯи мусулмон дар иёлоти Ню-Йорки Амрико, ҳадафи ҳамлаи кислотапошӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шӯъбаи Ню-Йорк "Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ" дар баёнияе эълом кард, Нофия Икром донишҷӯи мусулмон дар иёлоти Ню-Йорки Амрико, дар 17 март ҳадафи ҳамлаи асидпошӣ дар хориҷ аз хонаи худ дар минтақаи "Лонг Исланд"-и ин иёлот қарор гирифтааст ва 15 рӯз дар бемористон бистарӣ буд. 

Дар ин баёния омадааст, ҷароҳоте, ки кислота бар рӯи дастон, гардан ва рӯи "Нофия Икром" эҷод карда, бисёр шадид аст.

Бар асоси ин гузориш, полиси иёлати Ню-Йорки Амрико дар ҷустуҷӯи фарди мазнун ба кислотапошӣ бар рӯи ин донишҷӯи мусулмони 21 сола аст. 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп