Фармони Путин барои посухи қотеъи Русия ба коршикании ғарбиҳо
Раиси ҷумҳури Русия фармонеро имзо кард, ки бар асоси он мақомоти рус муваззаф мешаванд дар баробари ҳар навъ амалкарди ғайридӯстона аз тарафи кишварҳои ғарбӣ, иқдоми мутақобил анҷом диҳанд.
Ба гузориши "Новости", дафтари матбуотии Кохи Кремл эълом кард, Владимир Путин давлати ин кишварро муваззаф кард то иқдомоти мушаххасеро барои посухгӯӣ ба иқдомоти кишварҳои хориҷӣ, ки манофеъи миллӣ ва амниятии Русияро ба хатар биандозад эъмол кунанд.
Ин санад ба ҳадафи дифо аз манофеъ ва амнияти Русия маҳдуд шуда ва дар сурати зарурат, бо таътилии сафоратҳо ва консулгариҳои кишварҳои душман ва ҳамчунин мамнуъ шудани фаъолияти созмонҳо ва муассисоти давлатии ин кишварҳо ва лағви тавофуқоти корӣ - тиҷорӣ бо шахсиятҳои ҳақиқӣ дар хоки Русия ҳамроҳ хоҳад шуд.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар бораи ин фармон гуфтааст, ки муқобила бо иқдомоти хасмонаи кишварҳои хориҷӣ, марбут ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатии расмии ин кишварҳо аст ва ин масъала ба фаъолияти бозаргонон ва сармоягузорони хориҷии фаъол дар Русия осеб нахоҳад расонад.
Дар пайи таҳримҳои ҷадиди Ғарб алайҳи бархе афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ дар Русия, вазорати хориҷаи ин кишвар, ғарбиҳоро ба талош барои ҷалби ризояти давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико муттаҳам кард.
Давлати Амрико ахиран таҳримҳои ҷадиде алайҳи 36 фарди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ дар Русия, барқарор ва 10 дипломати русро ихроҷ кардааст.
Бештар бихонед:
- Навалний, баҳонаи афзоиши фишори Амрико ба Русия
- Ҳушдори Песков дар бораи ҳар таҳрими ҷадиди Амрико алайҳи Русия
- Размоиши маҳрамона Амрико барои муқобила бо Чин ва Русия