Апрел 26, 2021 20:33 Asia/Dushanbe
  • Амрико дар Яман бо Ал-Қоида тамос дорад
    Амрико дар Яман бо Ал-Қоида тамос дорад

Сухангӯи Вазорати кишвари Давлати наҷоти миллии Яман гуфт: "Тибқи тамосҳои назоратшуда, 85 нафар пешвоёни хориҷӣ дар сафҳои Ал-Қоида дар Маъриб ҳастанд, ки баъзеи онҳо мустақиман бо Иёлоти Муттаҳида дар масъалаҳои марбут ба ҷанг алайҳи Яман дар иртибот ҳастанд. "

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз расонаҳои арабӣ;  сухангӯии Вазорати кишвари Яман Абдулхолиқ Ал-Аҷарӣ бо ишора ба мушорикати ду шоха аз террористҳои ал-Қоида дар ҷанги Яман афзуд: Ал-Қоида ва ДИИШ дар ҷанги кунунӣ алайҳи Яман аз ҳамон рӯзи нахуст дар канори мутаҷовизон буданд ва акнун низ ҳизби ал-Ислоҳ, ал-Қоида ва ДИИШ  ҳамагӣ дар охирин сангари худ дарМаъриб ҷамъ шудаанд. 

Вай афзуд: Норизоятии Амрико ваҳампаймононаш аз озодсозии Маъриб баёнгари ҳимоят ва назорати онҳо бар ин созмонҳои террористӣ аст .

 

Бештар бихонед: