Апрел 29, 2021 19:30 Asia/Dushanbe
  • Даргирии мусаллаҳона дар Лос-Анҷелоси Амрико

Дар паии даргирии мусаллаҳона дар шаҳри Лос-Анҷелоси иёлати Калифорнияии Амрико ، афсари полис ва фарди гумонбар роҳии бемористон шуданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин даргирӣ рӯзи гузашта чаҳоршанбе пас аз он рух дод, ки як дузд камарбанди таҷҳизоти полисро аз худрави шахсии ин афсар полис дуздид .

Ба гуфтаи Майкл Мор-раиси полиси Лос-Анҷелос ин афсари полис ва фарди гумонбари испанияитабор пас аз даргирии мусаллаҳона ва маҷрӯҳ шудан бар асари исобати чандин гулӯла дар як бемористони маҳаллӣ бистарӣ шудаанд ва ҳар ду вазъияти пойдоре доранд .

Мор афзуд : Дар паи ин даргирӣ фарди гумонбар дар ниҳоят пас аз бархурди гулӯла ба шона, бозу ва пояш бар рӯйи замин афтод .

Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп