Алқоида Амрикоро таҳдид кард
Гурӯҳи Алқоида рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ҷанги онон бо Амрико ба поён нарасидааст ва ҷанг алайҳи иёлоти муттаҳида идома хоҳад дошт, магар инки аз ҳудуди кишварҳои исломӣ хориҷ шаванд.
Ду тан аз нерӯҳои Алқоида дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи CNN, ки аз тариқи восита анҷом шуд, аз Толибон ба хотири зинда нигаҳ доштани мубориза бо Амрико ташаккур карданд.
Нерӯҳои Алқоида бо эъломи шикасти Амрико дар минтақаи Ховари Миёна эълом карданд, ки Алқоида дигар ниёзе ба Афғонистон надорад ва чунин ҳадафе дар оянда вуҷуд нахоҳад дошт.
Мусоҳибаи CNN бо авомили Алқоида дар даҳумин солгарди террори Усома Бин Лодан, раҳбари собиқ Алқоида ба дасти нерӯҳои амрикоӣ анҷом шудааст.
Авомили Алқоида афзуданд: Ҷанги Амрико дар Афғонистон нақше асосӣ дар зарба задан ба иқтисоди иёлоти муттаҳида доштааст.
Шабакаи CNN талош кард дар гузориши худ нишон диҳад, ки Толибону Алқоида ҳамчунон дар бахше аз ҳавзаҳо бо ҳам амалиёти муштарак анҷом медиҳанд дар ҳоле, ки Толибон борҳо ҳаргуна иддаои Амрико дар ин мавридро такзиб кардааст.
Бештар бихонед:
-
Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
-
Димишқ : Алқоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дастпарвардаи Амрико ҳастанд