Толибон 22 низомии афғонро озод кард
Май 02, 2021 09:42 Asia/Dushanbe
-
Мақомоти давлати Афғонистон дар бораи ин озодии зиндониён аз тарафи Толибон изҳори назар накардаанд
Гурӯҳи Толибон 22 низомии вобаста ба давлати Афғонистонро аз зиндон озод кард.
Толибон рӯзи якшанбе эълом кард: Ин 22 низомии афғон дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон озод шуданд.
Бар асоси гузориши Толибон, озодии зиндониёни давлати Афғонистон то иди Фитр идома хоҳад дошт.
Токунун мақомоти давлати Афғонистон дар бораи ин озодии зиндониён аз тарафи Толибон изҳори назар накардаанд.
Бештар бихонед:
-
Шурути давлати Афғонистон барои идомаи озодии зиндониёни Толибон
-
Амрико барои озодии 7 ҳазор зиндонии Толибон миёнҷигарӣ кардааст
Барчасп