Таниши марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон меҳвари ройзании "Лавров" ва "Қазоқбоев"
(last modified Sun, 02 May 2021 14:13:59 GMT )
Май 02, 2021 19:13 Asia/Dushanbe
  • Таниши марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон меҳвари ройзании \
    Таниши марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон меҳвари ройзании \"Лавров\" ва \"Қазоқбоев\"

Вазири умури хориҷаи Русия бо ҳамтои қирғизи ҳуд дар мавриди муноқишаи мусаллаҳона дар марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, вазири хориҷаи Русия "Сергей Ларов" бо   ҳамтои  қирғизи  худ Руслан Қазоқбоев дар мавриди даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Дар ин гуфтугӯ таъкид шуд, ки Русия аз тавофуқҳои тарафайн - мутобиқ бо дастуруламалҳои руасоии Қирғизистон ва Тоҷикистон - барои ҳаллу фасли мунозиъот ба таври инҳисорӣ аз тариқи сиёсӣ ва дипломатӣ  истиқбол мекунад. 

 

Лавров ибрози умедворӣ кард ду кишвар бидуни тардид  таъаҳҳудоти худро барои оддисозии комили авзоъ ва бозгардондани эътимод ва ҳусни  ҳамҷавории байни ду миллати бародар дунбол хоҳанд кард. 

Вай гуфт: «Маскав » мутобиқ бо усули мушорикати стратегӣ ва иттиҳод бо Қирғизистон ва Тоҷикистон омодааст то кумакҳои лозимро ироа кунад. 

Қаззоқбоев низ дар суханони худ дар мавриди вақоеъи мазкур ва авзоъи кунунӣ дар минтақаи Боткани Қирғизистон  иттилоотеро ироа кард. 

Вай бар ҳадафи тарафи Қирғизистон барои пайравӣ аз тавофуқоти ҳосилшуда дар болотарин сатҳ пас аз музокироти миёни ду кишвар таъкид кард. 

  
 Вузарои хориҷаи Русия ва Қирғизистон бар ин ақида буданд, ки даргирии бавуҷудомада, ки мунҷар ба талафот ва осеби бисёре ба ҳар ду тараф мешавад, бояд мунҳасиран аз тариқи музокироти сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал шавад. 

Лавров хотирнишон кард: Тарафи русӣ ба унвони шарики қобили эътимоди тарафи Қирғизистон, аз наздик  вазъияти минтақаи марзии Қирғизистонро расад мекунад ва дар ин росто аз талошҳои мудовими тарафи қирғиз барои ҳалли ин ҳодиса истиқбол мекунад. 
  
  
  
  Бештар бихонед: