Тавсияи муфтии Русия ба мардуми тоҷик ва қирғиз
Раси идораи мусулмонони Русия бо ишора ба даргириҳои ахири марзи тоҷикистон ва Қирғизистон аз мардуми ин ду кишвар дар моҳи мубораки Рамазон хост то нафрат ва интиқомҷӯиро канор бигузоранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, раиси идораи мусулмонони Русия Ровил Айниддинов дар вокуниш ба даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт: «Мо набояд иҷозат диҳем, ки дар ин моҳи муборак, афкору эҳсоси ғайриқобили қабул монанди нафрат, ҳасад ва ташнагӣ барои интиқомҷӯӣ, қалби моро фаро гирад.»
Айниддинов афзуд: «Мушоҳидаи сар задани душмании байни ду мардуми бародар дар водии Фарғона яке аз марокизи тамаддуни ислом, дардноку бисёр нороҳаткунанда аст.»
Вай дар идома таъкид кард: «Ҳатто холистарин эҳсоси ишқ ба меҳани модарӣ набояд эҳсоси инсоният ва дарки бародарии мо дар дини худоро таҳти таъсир қарор диҳад.»
Муфтии Русия аз мардуми мусулмони Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват кард то имкони ҳалли тамоми масоили баҳсбарангез ва авзои буҳрониро на бо истифода аз силоҳ, балки аз тариқи муоҳидаи содиқона ва рӯйкарди орому оқилона пайдо кунанд.
Ровил Айниддинов ҳамчунин гуфт: «Ҷанг, боиси вайронӣ ва марг шуда ва ҳокимияти ҳеч як тарафро тақвият нахоҳад кард, балки танҳо даргириро ба як сатҳи ҷадиде мерасонанд ва маргу ғам дар хонаҳоро ба армуғон меоварад.»
Дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Бештар бихонед: