Май 09, 2021 14:55 Asia/Dushanbe
  • Ба рағми эъмоли таҳримҳо ва таълиқи қарордод, мақомоти аврупоӣ ҳамвора таъкид кардаанд, хоҳони идомаи равобити худ бо Чин ҳастанд
    Ба рағми эъмоли таҳримҳо ва таълиқи қарордод, мақомоти аврупоӣ ҳамвора таъкид кардаанд, хоҳони идомаи равобити худ бо Чин ҳастанд

Дар ҳоле, ки танишҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Чин боло гирифтааст ва Иттиҳоди Аврупо қарордоди сармоягузории ин иттиҳодия дар Чинро таълиқ карда ва таҳримҳоеро низ алайҳи бархе мақомоти Чин эъмол кардааст, Никола Шапуи, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Пекин гуфт: Иттиҳоди Аврупо хостори ташдиди таниш бо Чин нест ва бар рӯи як тавофуқномаи сармоягузорӣ кор мекунад.

Таниши миёни Иттиҳоди Аврупо ва Чин дар ҳоле шиддат гирифтааст, ки ба рағми хост ва фишорҳои Вашингтон, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Чин рӯ ба густариш буда ба тавре, ки Чин шарики тиҷории нахусти Иттиҳоди Аврупо дар соли 2020 буд ва ҳаҷми тиҷорати Иттиҳоди Аврупо бо Чин ба 586 миллиард евро расид. Умдаи воридоти Иттиҳоди Аврупо аз Чин колоҳои санъатӣ ва масрафӣ, мошинолот, таҷҳизот ва кафшу пушок аст ва содироти аслии Иттиҳоди Аврупо ба Чин ҳам мошинолоту таҷҳизот, васоили нақлияи моторӣ, ҳавопаймоҳо ва маводи химиявист.

Иттиҳоди Аврупо эълом карда, ки ин таҳримҳо ба далели нақзи ҳуқуқи башар дар устони Синзян, ки маҳалли зиндагии уйғурҳост, алайҳи Пекин вазъ шудааст.

Ин таҳримҳо ва мавзеъгириҳо дар ҳолест, ки мақомоти Чин чанде пеш ҳушдор доданд, ки ингуна иқдомот мумкин аст, мунҷар ба рӯёрӯии беш аз пеш миёни Чин ва Иттиҳоди Аврупо шавад.

Ҷан Мин, сафири Чин дар Иттиҳоди Аврупо дар ин замина ҳушдор дод: Таҳрим навъе рӯёрӯист. Таҳримҳое, ки бар пояи иттилооти дуруғин устувор шуда бошанд, метавонанд латмаи омидона ба амният ва тавсеаи Чин қаламдод шаванд, ҳимоят ва таъмини амният ва рифоҳи мардуми Чин бар уҳдаи давлати Чин аст ва мо хостору ниёзманди гуфтугӯ ҳастем на рӯёрӯӣ.

Ба рағми эъмоли таҳримҳо ва таълиқи қарордод, мақомоти аврупоӣ ҳамвора таъкид кардаанд, хоҳони идомаи равобити худ бо Чин ҳастанд.

Ҳайко Мас, вазири хориҷаи Олмон дар ин замина гуфт: Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди тафовутҳои мавҷуд бояд бо Чин дар таомул бошад, дар воқеъ Иттиҳоди Аврупо бо фосила гирифтан аз Чин, масири иштибоҳро тай мекунад, Чин ба таври ҳамзамон шарик, рақиб ва ҳарифи систематик ва дар тамоми ин се замина, ба роҳҳои иртиботии қудратманду пойдор бо Чин ниёз дорем, ки инфисоли масир иштибоҳ аст.

Ба назар мерасад, агарчи Иттиҳоди Аврупо фишорҳоро дар ҳамсӯӣ бо Амрико бар Чин афзоиш додааст, аммо аз сӯи дигар нигарони вокуниши тунди мақомоти Чин ва таълиқи комили равобит аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп