Дастури Путин барои беҳбуди омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 14 May 2021 14:34:35 GMT )
Май 14, 2021 19:34 Asia/Dushanbe
  • Путин сатҳи кунунии таълими забони русӣ дар Тоҷикистонро номуносиб номид
    Путин сатҳи кунунии таълими забони русӣ дар Тоҷикистонро номуносиб номид

Раиси Ҷумҳурии Русия дастур дод, ки барои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ба ин кишвар кумак шавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии РИА Новости Владимир  Путин дар нишасти ҳайати давлати Русия гуфтааст, ки ин мавзӯ дар дидори ахири вай бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  низ баррасӣ шудааст. 

 

Вай сатҳи феълии омӯзиши забони рӯсӣ дар Тоҷикистонро номуносиб  хонда ва чораандешӣ барои беҳбуди кайфияти ин омӯзишҳоро хостор шудааст. 


Путин изофа кард: Бидуни кумаки Русия  иртиқои  ҷойгоҳи забони рӯсӣ дар Тоҷикистон мушкил аст ва бояд дар ин замина ба мадориси русзабони ин кишвар кумак шавад. 

Ба далели сафари теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик ба Русия ва афзоиши довталабони вуруд ба донишгоҳҳои ин кишвар  тақозо барои омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон  рӯ ба афзоиш аст. 

Бар ин асос сохти 5 мадрасаи ҷадиди омӯзиши забони русӣ бо сармоягузории Маскав дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Турсунзода  ва Кӯлоби Тоҷикистон дар се соли оянда  барномарезӣ шудааст. 

Дар солҳои 2017 ва 2018 наздик ба 80 нафар аз муаллимони риштаҳои риёзӣ, физика, экология ва шимӣ аз манотиқи мухталифи Русия ба Тоҷикистон эъзом шуданд. 


 Ҳамчунин 100 ҳазор ҷилди китоби дарсӣ аз Русия ба Тоҷикистон ирсол шудааст. 


  
  Бештар бихонед: