Май 16, 2021 10:52 Asia/Dushanbe
  • Аз Байден хоста шудааст то бештарин фишорро бар Исроил барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи ҷурмҳои ҷангӣ ворид кунад
    Аз Байден хоста шудааст то бештарин фишорро бар Исроил барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи ҷурмҳои ҷангӣ ворид кунад

Беш аз 100 гурӯҳи таъсиргузори мустақар дар Амрико дар баёнияе хушунатҳои режими саҳюнистиро дар шарқи Қудс ва борикаи Ғазза маҳкум карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интерентии Комен дримз, ин гурӯҳҳо ки шомили созмонҳои ҳомии сулҳ, динмадор, коргарӣ, адолати нажодӣ ва созмонҳои дигар ҳастанд дар баёнияе бо фаластиниҳои сокини шарқи Қудс, ки ҳамакнун дар хатари аз даст додани хонаҳояшон ҳастанд, эъломи ҳамбастагӣ карда ва аз давлати Байден хостаанд фавран ва ба сурати ошкор  тарҳҳои давлати Исроилро барои овора кардани 1550 фаластинӣ аз хонаҳояшон маҳкум кунад .

Дар ин баёния аз давлати Байден хоста шудааст то бештарини фишори дипломатиро бар Исроил барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи ҷурмҳои ҷангӣ ворид кунад .

  Дар ин баёния ҳамчунин зимни маҳкум кардани хушунати густардаи низомиёни исроилӣ ва шаҳракнишинон алайҳи фаластиниҳо дар масҷиди Алақсо дар моҳи мубораки Рамазон ба ҳаводиси шарқи Қудс, аз ҷумла иқдоми афсари полиси Исроил дар гузоштани зонӯи худ рӯйи гулӯи як муътаризи фаластинӣ ишора шудааст.

Даргирӣ миёни режими саҳюнистӣ ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ аз душанбеи гузашта оғоз шуда ва то кунун талоши бисёре аз кишварҳо барои барқарории оташбас бо идомаи исрори режими саҳюнистӣ ба ҳамлаи ҳамаҷониба ба Ғазза ноком мондааст .

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп