Хурдани идрор(пешоб)и гов барои дармони бемори коронаӣ дар Ҳиндустон + акс
Май 16, 2021 14:29 Asia/Dushanbe
Як марди ҳиндӣ дар даҳони пиразани гирифтор ба корона дар бемористон идрори гов рехт
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, видеое аз як марди ҳиндӣ дар Деҳлии нав дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст, ки нишон медиҳад вай дар даҳони як пиразане, ки дар бахши изтирории бемористон бистарӣ ва гирифтор ба корона аст, идрори гов рехт.
Ӯ бар асоси эътиқодоташ ва бовари инки " идрори гов " барои дармон муфид аст ин корро анҷом медиҳад, ки вокунишҳову интиқодоти фаровонеро барангехтааст .
Бештар бихонед :