Асабонияти Австрия аз вокуниши Эрдуғон ба моҷарои парчами Исроил
(last modified Tue, 18 May 2021 13:30:36 GMT )
Май 18, 2021 18:30 Asia/Dushanbe
  • Асабонияти Австрия аз вокуниши Эрдуғон ба моҷарои парчами Исроил

Дар пайи эътирози шадиди раисиҷумҳури Туркия ба иқдоми Австрия, ки парчами Исроилро бар фарози биноҳои давлатии ин кишвар барафрошта буд, вазорати умури хориҷаи Австрия сафири Туркияро эҳзор кард.

Ба гузориши Спутник, Александр Шалленберг (Alexander Schallenberg), вазири умури хориҷаи Австрия ҳамчунин дар баёнияе муддаӣ шудааст, ки Ҳамос як "созмони террористӣ" аст ва Вена дар муқобили террор аз Исроил ҳимоят мекунад.

Вай сиёсатмадорони туркро ба "бардошти ваҳшатнок аз қавонин" ва"рехтани бензин бар оташ" муттаҳам карда ва аз Анкара хостааст дар костани муноқиша ва даргирӣ (дар Ғазза) мушорикат ҷӯяд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар вокуниш ба барафрошта шудани парчами режими Исроил дар Австрия гуфта буд: «бар давлати Австрия, ки парчами Исроилро дар сохтимони садри аъзам боло кардааст, лаънат мефиристам. Барафроштани парчами як кишвари террористӣ ба маънеи шарик шудан дар террор аст. Австрия дар талоша ст мусулмононро маҷбӯр ба пардохти ҳазинаи наслкушии яҳудиён тавассути ин кишвар кунад.»

Дар асари ҳамалоти 9 рӯзи ахири режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо то кунӯн 218 фаластинӣ шаҳид ва як ҳазору 235 нафари дигар захмӣ шуданд.

Муқовимати Фаластин низ дар посух ба ин ҳамалот,исроилиҳоро мӯшакборон кардааст.

Бештар бихонед: