Май 24, 2021 14:14 Asia/Dushanbe

Муҳаммади Шоҳсавандӣ, шаҳрвандии 23 солаи эронии сокини Италия яке аз 14 ҷонбохтаи ҳодисаи суқути телекабин дар шимоли ғарбии Италия аст.

Ба нақл аз Ирно, ин ҳодиса зуҳри якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар фосилаи 100 метрии охирин истгоҳи телекабини мавҷуд дар иртифооти минтақаи Пиемонти мушарраф ба дарёчаи Маҷгор дар шимоли ғарбии Италия рӯй дод.

Манобеи италияӣ эълом карданд, тақрибан ниме аз касоне, ки ҷони худро дар ин ҳодиса аз даст доданд, хориҷӣ буданд.

Байни ҷони ҷонбохтагон як эронии сокини ҷануби Италия низ будааст.

Мақомоти италияӣ пештар шумори қурбониёни ин ҳодисаро 9 нафар эълом карда буданд.

Вазорати зерсохтҳои Италия якшанбе шаб эълом кард, як кумитаи таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса ташкил шудааст.

Ин телекабин соли 2016 ба сурати комил навсозӣ шуда буд.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп