Дархости 500 узви Демократ аз Байден барои муҷозоти Исроил
(last modified Tue, 25 May 2021 10:26:44 GMT )
Май 25, 2021 15:26 Asia/Dushanbe
  • Демократҳо аз Байден хостанд аз ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниҳо ҳимоят кунад
    Демократҳо аз Байден хостанд аз ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниҳо ҳимоят кунад

Беш аз 500 тан аз аъзои Кумитаи интихоботии Раиси ҷумҳурии Амрико ва кормандони Ҳизби Демократ дар барномае аз Ҷо Байден хостанд то режими саҳюнистиро ба хотири таҷовузи охираш алайҳи Навори ғазза масъул бидонад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи амрикоии "Вашингтон пост ", беш аз 500 узви ситоди интихоботии Байден ва кормандони ҳизби Демократ бо имзоии ин нома аз Раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден хостанд барои ҳифозат аз ҳуқуқи фаластиниён ва посухгуии Исроил ба далели номутаносиб будани шумори куштаҳои нерӯҳои Исроилӣ дар муқоиса бо шуҳадоии фаластинӣ дар ҷанги ахири Ғазза  иқдомоти бештаре анҷом диҳад. 

Ҳабба Муҳаммад  корманди фаластинӣ - амрикоии ҳизби Демократ ба Вашингтон пост гуфтааст: "Раиси ҷумҳурӣ бояд беҳтар амал кунад." 

 

Вай афзуд: оташбас дар Борикаи Ғазза мавриди истиқбол қарор гирифт, аммо ранҷи фаластиниён  ҳамчунон идома дорад; зеро муҳосираи Ғазза аз ҷониби Исроил, ҳамроҳ кардани заминҳо дар соҳили ғарбии ишғолшуда, боздошт ва ҳамлаҳои густарда ва поксозии қавмӣ ба поён нарасидааст.

Имзокунандагони ин нома бо қадрдонӣ аз талошҳои ахири Байден барои дастёбӣ ба оташбас аз давлат Амрико хостанд, ки аз Исроил бихоҳад ба густариши шаҳраксозиҳо дар Каронаи Бохтарӣ поён диҳад. 

Ҳамчунин аз давлати Амрико хоста шудааст ба муттаҳидони байналмилалӣ пайваста ва барои поён додан ба нақзи қавонини байналмилалӣ аз сӯи исроил ба ин режим фишор биоварад ва аз ҳаққи таъини сарнавишти фаластиниҳо ҳимоят кунад.

 

Бештар бихонед: