Русия ширкати Гуглро ҷарима кард
Додгоҳе дар Русия ширкати Гуглро ба далели худдорӣ аз ҳахфи матолибе, ки ба назари ин кишвар мамнӯъ ҳастанд, ҷарима кард.
Ба гузориши аз хабаргузории Форс, додгоҳе дар Русия ширкати Гуглро ба далели худдорӣ аз ҳазфи муҳтавои мамнӯъа маблағи 4 миллион рубл (муодили 54 ҳазору 540 доллар) ҷарима кардааст.
Созмони Федерали назорат бар иртиботот, иттилоот, фанноварӣ ва расонаҳои умумии Русия рӯзи душанбе ба ширкати Гугл ҳушдор дода буд, чунончи муҳтавои мамнӯъа аз назари Москваро ҳазф накунад, трафики ин ширкат дар ин кишвар кунд хоҳад шуд.
Ин хабар дар шароите эълом шуда, ки ширкати Твиттер ва Русия беш аз як моҳ қабл ба тавофуқе барои ҳазфи муҳтавои мамнӯъ даст пайдо кардаанд.
Бештар из ин Русия ба муддати наздик а як моҳ суръати Твиттерро ба далели ҳазф нашудани муҳтавои мамнӯа кунд карда буд.
Қонуне дар Русия дар рӯзи аввали феврал иҷроӣ шуд,ки тибқи он расонаҳои иҷтимоӣ вазифадор ҳастанд ба таври мустақил барои шиносоӣ ва масдуд кардани муҳтавоҳои мамнӯа ба иқдоми фаврӣ кунанд.
Бештар бихонед: