Шикояти Эрдуғон аз раиси ташкилоти ҳизби Ҷумҳурии Халқии Туркия
(last modified Fri, 28 May 2021 12:20:53 GMT )
Май 28, 2021 17:20 Asia/Dushanbe
  • Вакили Эрдуғон аз додгоҳ хостааст хонум ҷонон Кафтанчиуғлуро ба пардохти 500 ҳазор лира маҳкум кунад
    Вакили Эрдуғон аз додгоҳ хостааст хонум ҷонон Кафтанчиуғлуро ба пардохти 500 ҳазор лира маҳкум кунад

Раиси Ҷумҳурии Туркия аз Раиси ташкилоти Ҳизби Ҷумҳурии Халқӣ дар Истамбул Ҷонон Кафтанчиуғлу ба додгоҳ шикоят кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интерентии TRT  Туркия, Аҳмад Авзал вакили Раҷаб  Тайиб  Эрдуғон ба намояндагӣ аз Раиси Ҷумҳурии Туркия  додхостеро ба додгоҳ тақдим кард. 

Дар ин додхост таъкид шудааст суханони   раиси ташкилоти Ҳизби Ҷумҳурии Халқӣ дар Истанбул Ҷонон Кафтанчиуғлу алайҳи Эрдуғонро наметавон дар чорчӯби озодии баён донист. 

Кафтанчиуғлу ахиран  Эрдуғонро касе хонда буд, ки унвони раёсати ҷумҳурии Туркияро ишғол кардааст. 

Вакили Эрдуғон дар додхости худ аз додгоҳ хостааст Кафтанчиуғлуро ба пардохти 500 ҳазор лира  ҷуброн ба раисҷумҳур маҳкум кунад. 

Дар додхости вакили Эрдуғон таъкид шудааст, ки вай бо касби овоз беш аз 50 дарсади овози мардуми Туркия ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуда ва Кафтанчиуғлу бо суханони худ ҳуқуқи фардии Эрдуғонро поймол кардааст.

 

Бештар бихонед: