Июн 07, 2021 09:34 Asia/Dushanbe
  • Довуд Уғлӯ хитоб ба Эрдуғон: сукӯт кун, зеро натавонистӣ иқтисодро дурусткунӣ ва мардумро гирифтор кардаӣ
    Довуд Уғлӯ хитоб ба Эрдуғон: сукӯт кун, зеро натавонистӣ иқтисодро дурусткунӣ ва мардумро гирифтор кардаӣ

Раисони аҳзоби мухолифи давлати Анкара бори дигар хостори канорагирии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия аз қудрат ва баргузории интихоботи зӯдҳангом шуданд.

     Дар ҳамин иртибот, Алӣ Бобоҷон, раиси Ҳизб демократ ва пешрафти Туркия ва иқтисоддони барҷастаи турк дар бораи идомаи ранҷи миллати ин кишвар дар сурати боқимондани Ҳизби адолат ва тавсеъа дар қудрат ҳушдор дод.

   Алӣ Бобоҷон, ки дар маросими бозгушоии дафтари ҷадиди ин ҳизб дар шарқи Туркия сухан мегуфт, ҳамчунин тасреҳ кард, агар давлати Эрдуғон қудратро вогузор накунад, мушкили фақр дар Туркия ташдид хоҳад шуд ва то ҷое пеш хоҳад рафт, ки шаҳрвандони турк бояд дар сатели ошғолҳо дунболи ғизо бигарданд ва ба сабаби фақри зиёд худкушӣ кунанд.

    Дар пайи изҳороти Эрдуғон дар бораи иктишофи майдони ҷадиди гази табиӣ дар минтақаи Дарёи Сиёҳ, Аҳмад Довуд Ӯғлу, раиси Ҳизби оянда ва нахуствазири собиқи Туркия низ ба шиддат ба давлати Эрдуғон ҳамла кард ва ӯро бузургтарин нодон дар кишвари хонд ва хитоб ба вай таъкид кард: “сукӯт кун, зеро натавонистӣ иқтисодро дурусткунӣ ва мардумро гирифтор кардаӣ”.

    Фишорҳои аҳзоби мухолиф ба давлати Эрдуғон ва таъкид бар канорагирӣ аз қудрат дар шароите матраҳ мешавад, ки раисиҷумҳури Туркия қасд дорад бо интихоби дубора дар соли 2023, умри мондани худ дар садри ҳирами қудрат дар Туркияро ба се даҳа афзоиш диҳад.

    Ин дар ҳоле аст, ки таҳлилгарони иқтисодии Туркия муътақиданд: сӯи мудирият ва иттихози сиёсатҳои иқтисодии нодуруст дар дохил ва сиёсатҳои номатлӯб дар арсаҳои хориҷӣ, зарбаҳои ҷуброннопазире бар пайкараи сиёсат ва иқтисоди ин кишвар ворид кардааст.

    Дар айни ҳол, давлати Эрдуғон бо беэътиноӣ ба интиқодоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии матраҳ шуда аз сӯи ниҳодҳои муртабит дар сатҳи ҷаҳонӣ назири Бонки Ҷаҳонӣ, Сандӯқи байналмилалии пул ва Иттиҳоди Аврупо, паёмадҳои сангине барои бозори Туркия ба ҳамроҳ овардааст.

    Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ба далели як дидгоҳи номутаорифи иқтисодӣ, тарафдори нархи поини баҳрааст ва нархи баҳраи болоро монее барои рушди иқтисодӣ ва тавсеъаи Туркия талаққӣ мекунад.

    Эрдуғон, пештар иқтисоди Туркияро машғӯли мубориза бо мусалласи шайтонӣ "нархи арз(асъор), нархи баҳра ва нархи таваррум", муаррифӣ ва борҳо бар мухолифаташ бо нархҳои болои баҳра таъкид карда буд.

    Дар айни ҳол, иқдомоти Эрдуғон дар заминаи барканории се тан аз раисони Бонки марказӣ дар дусоли гузашта ва ба намоиш гузоштани истибдоди раъй дар бахши сиёсатҳои пулӣ, зимни зери савол бурдани истиқлоли Бонки марказии Туркия, мӯҷиботи нигаронии сармоягузори дохилӣ ва хориҷӣ ба ояндаи вазъияти иқтисоди Туркияро фароҳам кардааст.

    Бо мурӯри ин воқеъиятҳо, чунин ба назар мерасад, ки интиқоди раисони аҳзоби мухолифи Туркия низ ба далели нигарониҳо дар ростои ҳамин иқдомоти раисиҷумҳури Туркия матраҳ шуда бошад.

   Интиқодҳо аз сиёсатҳои номуносиби давлати Анкара ҳар рӯз бештар ва густардатар мешавад. Ба унвони мисол, Фоиқ Ӯзтурк " коршиноси сиёсӣ ва аз аъзои баландпояи Ҳизб ҷумҳурии халқ, ки бузургтарин ҳизби мухолифи давлати Анкара дар порлумони Туркия маҳсӯб мешавад, хитоб ба давлати Эрдуғон гуфтааст: " замони Худоҳофизӣ бо қудрате, ки ба эътимоди мардуми поки мо хиёнат карда фаро расидааст. Мардум ва Ҳизби ҷумҳурии халқ омодаи Худо ҳофизии Эрдуғон бо қудрат ҳастем".

   Изҳороти ин коршиноси турк дар шароите матраҳ шуда, ки наздик ба ду даҳа аст, ки мардуми Туркия ба Ҳизби адолат ва тавсеъа ба далели гароиш ба дини Ислом эътимод карда ва дар айни ҳол, ба аҳзоби дунявииТуркия пушт кардаанд. Бар хилофи тасаввури аҳзоби дунявӣ, мардуми Туркия дар сурати бархӯрдорӣ аз озодии раъй ба аҳзоби мушобеҳ тамоюли чандоне аз худ нишон намедиҳанд.

   Ба ҳар ҳол, дар як ҷамъбандии куллӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва вазъияти маъишатии номуносиби ақшори осебпазири Туркия бояд гуфт, дар пайи иттихози сиёсатҳои номуносиби давлати Эрдуғон дар арсаҳои дохилӣ ва хориҷӣ арзиши пӯли миллии Туркия (нархи лир) дар баробари арз(асъор)-ҳои муътабари ҷаҳонӣ низ ҳамчунон раванди коҳишӣ дорад. Дар натиҷа, хурӯҷи сармояҳо аз Туркия ташдид шудааст. Дар воқеъ, бо коҳиши арзиши пули Туркия, ки дар 18 соли гузашта бесобиқа аст, заминаҳои фирори сармояҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз Туркия фароҳам шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп