Онг Сан Су Чжи муҳокима мешавад
Муҳокимаи раҳбари барканоршудаи Мянма 14 июн оғоз мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Онг Сан Су Чжи, раҳбари барканоршудаи Мянма бо иттиҳомоте ҳамчун тасоҳуби амволи ғайр, даъват ба нооромиҳои умумӣ ва ҷиддӣ нагирифтани маҳдудиятҳои коронаӣ муттаҳам аст.
Су Чжи бо вуҷуди дарёфт ҷавоизи байналмилалӣ, ба далели сукут дар баробари наслкушии мусулмонони Роҳингия ва бархӯрдҳои ҳукумат бо ин қавм, аз сӯйи кишварҳо ва ниҳодҳои зиёде маҳкум шудааст.
Артиши Мянма рӯзи якуми феврал бо анҷоми як кудатои низомӣ Онг Сан Су Чжи, раҳбари ҳизби ҳокими ин кишварро аз қудрат барканор ва бо ташкили як шӯрои низомӣ, идораи умури ин кишварро дар даст гирифт.
Ин иқдом боиси норизоиятиҳову ҳарҷу марҷ дар Мянма шудааст.
Бештар бихонед: