Июн 13, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Эрониёни муқими Амрико барои ширкат дар интихобот омода мешаванд

Сарпарасти дафтари ҳифозати манофеъи Эрон дар Вашингтон эълом кард : Эрониёни муқими Амрико барои ширкат дар интихобот омода мешаванд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  Маҳдии Отифат-сарпарасти дафтари ҳифозати манофеъи Эрон дар Вашингтон гуфт : Дар саросари Амрико аз ду ҳавзаи ибтидоии Вашингтону Нию-Йорк ба 24 ҳавза дар иёлатҳои Аризона,Калифорния, Флорида, Ҷорҷия, Мэриленд, Вирҷиния, Миссурӣ, Каролинаи шимолӣ, Огайо, Висконсино ва Оклҳама расидаем, ки дар ҳар кадом  як ё ду шуъбаи овоздиҳӣ фаъол хоҳанд буд .

Отифат афзуд : дар Орегон ва Буффало ҳам ду ҳавза таъин шудааст, то ҳамватанони эронии муқими Канада битавонанд дар онҷо ба пои сандуқи раъй биёянд . Сарпарасти дафтари ҳифозати манофеъи Эрон дар Вашингтон ҳамчунин гуфт : Омода ҳастем, ки дар рӯзи ҷумъаи 28 хурдод  интихоботи хуберо дар Амрико баргузор кунем,соъати овоздиҳӣ аз соъати 8 субҳ то 5 баъди зуҳр бар асоси замони маҳаллии иёлатҳо хоҳад буд ва ба маҳзи итмоми овоздиҳӣ шумориши оро анҷом ва натоиҷ ба вазорати кишвар ирсол мешавад .
Отифат ҳамчунин гуфт : Имкониятҳое ҳам барои амнияти ҳавзаҳо аз тариқи полиси дипломатӣ ва полиси шаҳрӣ дар назар гирифта шудааст .Ба гуфта сарпарасти дафтари ҳифозати манофеъи Эрон дар Вашингтон : Дар ҳар ҳавза 6 нафар таъин шудаанд, ки як нафар нозири Шурои нигаҳбон аст; ба ин тартиб наздик ба 144 нафар омилҳои дастандаркори ҳавза ҳастанд ва малзумоте ҳам дар ин ҳафта ба ҳамроҳи сандуқи раъй ба ҳавзаҳои овоздиҳӣ ирсол мешавад .

Сарпарасти дафтари ҳифозати манофеъи Эрон дар Вашингтон бо ибрози умедворӣ, ки имсол ҳам чун гузашта, шоҳиди ҳузури пуршуре дар интихобот бошем, гуфт : Фақат картаи шиносоии муътабари эрониҳо  гузарнома ё шиноснома аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп