Вокуниши Маскав ба сахттар шудани рӯйкарди таҳримии Амрико алайҳи Русия
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба изҳороти Ҷек Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико гуфт: Амрико ҳамвора таҳрим алайҳи моро ба унвони абзоре барои фирор аз мушкилоти худ ба кор мегирад.
Ҷек Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи якшанбе аз таҳримҳои бештари Амрико алайҳи Русия, аз ҷумла ба баҳонаи парвандаи Алексей Навалний, саркардаи мухолифони давлати Русия хабар дод.
Ин мақоми аршади амрикоӣ дар бахше аз суханони худ гуфт: Мо пас аз масмум шудани Навалний, таҳримҳоеро алайҳи Русия эъмол кардем ва худро барои даври дигаре аз таҳримҳо омода мекунем, ки ба ҳамин далел ҷорӣ хоҳад шуд.
Салливан ҳамчунин аз идомаи раванди таҳрими ширкатҳои русии мушорикаткунанда дар пружаи хати лӯлаи газии “Норд Стрим -2” хабар дод. Ин аввалин бор аст, ки як мақоми аршади Амрико пас аз дидори ахир миёни Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар Женева, аз эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Маскав суҳбат мекунад.
Ба ин тартиб, ба назар мерасад дидори сарони ин кишвар на фақат мунҷар ба танишзудоӣ байни ду тараф нашуда, балки ангезаи ҷадиде ба Вашингтон барои ташдиди фишорҳои таҳримӣ алайҳи Русия додааст. Дар воқеъ, дидори Байден ва Путин бештар баҳонае барои Амрико, ба манзури иттиҳомзанӣ ва ҳушдор ба Русия то ҳаллу фасли ихтилофоти густарда байни ду кишвар буд.
Акнун баҳонаҳои аслии давлати Байден барои таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия ду масъала аст. Масъалаи аввал, идомаи боздошт ва зиндонӣ шудани Алексей Навалний ва масъалаи дувум, иддаои нигаронии Амрико аз табаоти вобастагии бештари газии Аврупо ба Русия аст. Аз ин рӯ, дар ин росто Вашингтон ҳаддиаксари талоши худро дар ростои эҷоди монеа барои такмилу амалӣ шудани хати лӯлаи газии “Норд Стрим -2” анҷом медиҳад.
Амрико ҳамвора бо мудохила дар умури дохилии Русия, ба вижа иддаои ҳимоят аз мухолифон ва низ баҳонаҳои ҳуқуқи башарӣ ба эъмоли фишор алайҳи Маскав пардохтааст. Дар бурҳаи кунунӣ Вашингтон бо ҳимояти ошкор аз Навалний, на фақат дар умури дохилии Русия дахолат мекунад, балки дархости озодии ӯ, ки акнун ба далели иртикоби ҷурм зиндонӣ аст, дар ростои барандозии давлати Русия матраҳ шудааст. Хостаи давлати Байден рӯйи кор омадани фарде ғарбгаро монанди Алексей Навалний дар раъси қудрати Русия аст. Ҳарчанд, ки ба далели вобастагии ошкори мухолифон ба Ғарб ва огоҳии мардуми Русия аз ин амр, Амрико дар расидан ба аҳдофи худ ноком мондааст.
Шӯрои амнияти миллии Амрико дар бораи Навалний гуфт: Омода мешавем бастаи таҳримии дигаре дар ин бораро алайҳи Русия мавриди истифода қарор диҳем. Нишон додаем, ки вақте навбат ба посухгӯӣ ба фаъолиятҳои зиёнбори Маскав бирасад, дастбардор нестем, хоҳ дар бораи дахолат дар интихобот (Амрико) бошад ё мавзӯи Алексей Навалний.
Дар айни ҳол, Амрико моҳҳо аст талош мекунад то бо иддаои масмумияти Навалний тавассути маъмурони давлати Русия, аз ин масъала барои ташвиқи Олмон ба манзури канор кашидан аз пружаи хати лӯлаи газии “Норд Стрим” сӯиистифода кунад.
Антон Хлопков, раиси маркази амният ва энержии Русия мегӯяд: Амрико аз масъалаи масмумияти Навалний ҳаддиаксари истифодаро барои берун рондани Русия аз бозори энержии Аврупо ба кор мегирад.
Бо ин ҳол, Вашингтон дар ҳамроҳ сохтани Берлин бо ин хостаи худ ноком мондааст ва аз ин рӯ, чораро дар ин дида, ки барои эҷоди монеа ва дар ниҳоят мутаваққиф сохтани сохти хати лӯлаи газии “Норд Стрим- 2”, ки акнун ҳудуди 95 дарсади он такмил шудааст, ба таҳрими ширкатҳои русии дахил дар ин пружаи азими газӣ бипардозад, ки қарор аст бо такмили он солона 55 миллиард метри мукааб гази Русия аз тариқи дарёи Балтика ба Олмон мунтақил шавад. Аз ин рӯ, акнун мушовири амнияти миллии Кохи Сафед аз идомаи раванди таҳримҳои ҷадид алайҳи ширкатҳои русӣ дар ростои мутаваққиф сохтани ин пружаи газӣ сухан мегӯяд.
Бо рӯйи кор омадани Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико, вай рӯйкарди муқобилаи фаъол бо Русияро дар пеш гирифта ва дар ин росто дар канори иқдомоти таҳримӣ ва ҳимояти фаъоли сиёсӣ ва низомӣ аз Украина, ки душмани бузурги Русия дар Аврупои шарқӣ маҳсуб мешавад, ба ҷанги равонӣ алайҳи Владимир Путин пардохтаву вайро қотил номидааст. Акнун интизор меравад, ки давлати Байден бо тавваҷуҳ ба изҳороти таҳдидомези ҷадиди Салливан дар бораи ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав, сиёсатҳову иқдомоти зиддирусии худро дар ояндаи наздик дучандон намояд.
Бештар бихонед:
- Вокуниши Маскав ба густариши таҳримҳои Амрико алайҳи пружаи “Норд Стрим -2”
- Захарова: Амрико аз таҳримҳо алайҳи Русия ба унвони абзоре барои ҳалли мушкилоти худ истифода мекунад