Трамп аз мудирони Фейсбук ва Твиттер шикоят мекунад
(last modified Thu, 08 Jul 2021 05:17:41 GMT )
Июл 08, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Трам аз мудирони Фейсбук ва Твиттер шикоят мекунад
    Трам аз мудирони Фейсбук ва Твиттер шикоят мекунад

Раиси Ҷумҳурии собиқи Амрико қасд дорад аз "Марк Зукерберг" ва "Ҷек Дорси", мудирони Фейсбук ва Твиттер шикоят кунад.

Раиси ҷумҳурии собиқи Амрико «Доналд Трамп»,  ки пештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба далели сензураи ақидаҳояш танқид карда буд, қарор аст тарҳи ин «додхоҳии синхӣ »-ро эълом кунад.

Пойгоҳи «Axis» рӯзи чаҳоршанбе бо интишори ин хабар ба нақл аз бархе манобеи огоҳ навишт, ин ҷадидтарин талош аз сӯй Трамп барои иқдом алайҳи Твиттер ва Фейсбук  тайи як соли гузашта аст.

Ширкати Твиттер ба таври куллӣ ҳисоби корбарии Трампро баста ва Фейсбук  ҳам ахиран эълом кард, инсидоди сафҳаи ӯ дар ин расонаро барои 2 соли дигар тамдид кардааст.

Як муассиса ба номи «Маркази сиёсати аввали Амрико», ки маъмурияташро ҳифз ва тадовуми бахше ба сиёсатҳои Трамп эълом карда гуфтааст аз иқдоми раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ҳимоят мекунад.

Додхоҳиҳои синхӣ ба навъе шикояти қонунӣ гуфта мешавад, ки ба ниёбат аз гурӯҳе аз афрод  алайҳи гурӯҳ ё шахси дигаре матраҳ мешавад. Axis навиштаи ин шикоят ба Трамп иҷоза медиҳад мудирони омили Фейсбук ва Твиттерро таҳти таъқиб қарор диҳад.

Трамп ва ҳаводоронаш иддао мекунанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ садои онҳоро сансур мекунанд. Твиттер ва Фейсбук, аз сӯй дигар мегӯйянд бастани сафҳаҳои Трамп, баъд аз ҳамлаи ҳаводорони ӯ ба сохтмони Конгресс ва барои ҳифзи эминии шаҳрвандон гирифта шудааст.

Трамп дар даврони раёсати ҷумҳуриаш борҳо аз афроди мухталиф шикоят кардааст, аммо ба нудрат  раъй  дар додгоҳҳо ба нафъи ӯ содир шудааст.

 

Бештар бихонед: