Коршиноси рус мухолифи ҷойгиршавии тарҷумонҳои афғон-амрикоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказист
(last modified Mon, 19 Jul 2021 09:21:58 GMT )
Июл 19, 2021 14:21 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус мухолифи ҷойгиршавии тарҷумонҳои афғон-амрикоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказист
    Коршиноси рус мухолифи ҷойгиршавии тарҷумонҳои афғон-амрикоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказист

Сардабири маҷаллаи "Дифои миллӣ" ва коршиноси умури низомии Русия бо ҷойгиршавии мутарҷимони афғонии артиши Амрико дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифат кард.

Сардабири маҷаллаи "Дифои миллӣ " ва коршиноси умури низомии Русия бо ҷойгиршавии мутарҷимони афғонии артиши Амрико  дар қаламрави кишварҳои Осиёи марказӣ мухолифат кард.

.Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,   Игорь Коротченко бо ишора ба дархости Амрико аз кишварҳои Осиёи марказӣ барои ҷойгиршавии беш аз 4 ҳазор мутарҷими афғонӣ, ки тайи 20 соли ахир бо низомиёни Амрико дар Афғонистон ҳамкорӣ мекарданд, гуфтааст ки ин афрод сутуни панҷуми Вашингтон мебошанд.

Аз ин рӯ Амрико метавонад аз онон ба унвони ҷосусони хеш дар кишварҳои Осиёи марказӣ истифода кунад, ки барои амнияти миллии ин ҷумҳуриҳо хатарнок мебошад.

Қаблан расонаҳои хабарӣ аз дархости Амрико аз кишварҳои Осиёи марказӣ барои ҷойгиршавии мутарҷимони афғонии артиши Амрико дар Афғонистон хабар дода буданд. Ин афрод муддаӣ ҳастанд, ки дар сурати  тасаллути гурӯҳи Толибон  дар Афғонистон, онон ба хотири ҳамкорӣ бо артиши Амрико эъдом хоҳанд шуд.