Июл 21, 2021 18:12 Asia/Dushanbe
  • Светлана Тихановская аз мақомҳои Вашингтон хостааст, фишорҳоро бар Лукашенко ва Минск афзоиш диҳанд
    Светлана Тихановская аз мақомҳои Вашингтон хостааст, фишорҳоро бар Лукашенко ва Минск афзоиш диҳанд

Светлана Тихановская, номзади шикастхурдаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус дар дидор бо мақомҳои давлати Амрико дар Вашингтон, таҳримҳои бештар алайҳи Лукашенкоро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар ҳоле ки фишорҳои Ғарб алайҳи Беларус идома дорад, раҳбари мухолифони ин кишвар, ки баъд аз иддаои тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба Литва гурехтааст, дар Вашингтон дар ҳоли ройзанӣ бо мақомҳои аршади Амрико алайҳи Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурӣ аст.

Манобеи расонаии ғарбӣ аз сафари Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус ба Вашингтон ва дидори рӯзи душанбеи ӯ бо Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико ва мулоқоти рӯзи сешанбеи вай бо Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед хабар доданд.

Светлана Тихановская дар дидор бо мақомҳои аршади давлати Ҷо Байден, аз онҳо хостааст, бар Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус ва давлат фишори бештаре биоваранд.

Бар асоси эъломи Комиссиюни интихоботи Беларус, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии августи 2020 ин кишвар Лукашенко бо касб беш аз 80 дарсади оро пирӯз шуд, аммо Светлана Тихановская, ки аз ҳимояти кишварҳои ғарбӣ бархӯрдор буд, иддао кард, ки дар ин интихобот тақаллуб шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп