Ноумедии Байден аз муваффақияти тарҳи ваксинатсияи корона дар Амрико
Раиси Ҷумҳурии Амрико, аз раванди кунди ваксинатсия алайҳи шуюъи корона дар ин кишвар ибрози нигаронӣ ва ноумедӣ кард.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Ассошиейтед Пресс, « Ҷо Байден », раисҷумҳури Амрико бо ибрози нигаронӣ аз раванди кунди ваксинатсия дар кишвараш эълом кард: «Ваксина шудан барои амрикоиҳо бисёр муҳим аст. Бинобарин масъулиятпазирии бештаре бояд дошта бошем то дар баробари ин беморӣэмин шавем. »
Байден афзуд: «Бӯҳрони беҳдошти умумӣ дар Амрико ба афроди ваксина нашуда маҳдуд шудааст ва густариши навъи делтаи корона ба афзоиши теъдоди мубталоён мунҷар шудааст.»
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин иброз умедворӣ кард, дар моҳҳои оянда кӯдакони зери 12 сол низ воҷиди шароити дарёфти ваксинаи корона шаванд, аммо аз тарафе ибрози нигаронӣ кард, ки бархе аз амрикоиҳое, ки дар ҳоли ҳозир воҷиди шароити дарёфти ваксина ҳастанд, аз ин кор худдорӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ « Ҷен Саки", сухангӯи Кохи Сафед, дар ин ҳафта дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки тести коронавии баъзе масъулони ваксинашуда мусбат эълом шудааст.
Аз сӯи дигар, нархи умед ба зиндагӣ дар Амрико дар як соли гузашта ҳудуди як солу ним коҳиш ёфтааст, ки ин бештарини суқут нархи умед ба зиндагӣ дар ин кишвар аз замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ токунун маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Амрико, далели умдаи коҳиши умед ба зиндагӣ дар ин кишвар ба бемории корона марбут мешавад.Тибқи охирин оморҳо, беш аз 625 ҳазор нафар дар Амрико ба далели ибтило ба корона ҷони худро аз даст додаанд , ки ин теъдод бештарини омори қурбониёни корона дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.