Июл 24, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Дар ин музокирот масоили марбут ба суботи стратегӣ баррасӣ хоҳанд шуд
    Рябков: Дар ин музокирот масоили марбут ба суботи стратегӣ баррасӣ хоҳанд шуд

Даври ҷадиди музокироти Русия ва Амрико дар мавриди масоили марбут ба суботи роҳбурдии 28 июл баргузор хоҳад шуд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи ҷумъа хабар дод, ки музокиротро муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков роҳбарӣ мекунад ва ҳайати  Амрико таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Венди Шерман дар музокироти Женева ширкат меварзад.

Илова бар ин, Бонни Ҷенкинс, муовини котиби давлатии Амрико оид ба назорати силоҳ ва амнияти байналмилалӣ, дар музокирот бо Русия дар ҳайати Амрико ширкат хоҳад кард.

 

Муовини вазири хориҷа Сергей Рябков ва музокиракунандаи аршади ҳастаии Русия ва масъули умури марбут ба равобит бо Амрико дар давлати Русия дар ин бора гуфт: Масоили марбут ба суботи роҳбурдӣ ( масоили мавриди ихтилоф дар арсаҳои мушакӣ ва ҳастаӣ ) дар ин музокирот матраҳ ва баррасӣ хоҳад шуд.

Руасои Ҷумҳурии Русия ва Иёлоти Муттаҳида, Владимир  Путин  ва Ҷо Байден дар иҷлоси Женева дар рӯзи 16 июн  баёнияи муштаракеро тасвиб карданд, ки дар он омадааст, ки дар ояндаи наздик ҳар ду кишвар гуфтугӯи ҷомеъ, асосӣ ва пурэнержиро дар мавриди суботи роҳбурдӣ оғоз мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп