Август 22, 2021 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ширкати низомиёни Тоҷикистон дар бозиҳои низомӣ

100 низомии Тоҷикистон дар бозиҳои низомии байналмилалӣ “ ARMI - 2021 ” ширкат мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз маркази матбӯотии Вазорати дифои Тоҷикистон, намояндагони Тоҷикистон дар рақобатҳои низомии Алабино дар наздикии Маскав ҳузур хоҳанд дошт.
Тактирандозони Тоҷикистон низ барои касби унвони қаҳрамонӣ ба кишвари Беларус сафар мекунанд.
Бо ҳузури намояндагони тоҷик мусобиқаи тӯпхона дар Қазоқистон ва мусобиқаи пизишкони низомӣ ва “ ошпазхонаи саҳроӣ ” ҳам дар Узбекистон баргузор хоҳад шуд.
Вазорати дифои Русия аз 96 кишвар барои ширкат дар рақобатҳои низомии 2021 даъват кардааст.
То кунун 277 тим аз 40 кишвар омодагии худро барои барои ширкат дар ин мусобиқа эълом карданд.
Ҳафтумин давраи рақобатҳои байналмиллалии артиш “ ARMI - 2021 ” аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешавад.



Бештар бихонед :

 

Барчасп