Фавти як муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар Русия
(last modified Mon, 27 Sep 2021 17:12:16 GMT )
Сентябр 27, 2021 22:12 Asia/Dushanbe
  • Фавти як муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар Русия

Як муҳоҷири тоҷик, ки ҳамагӣ 23 сол дошт, бар асари фурӯ рехтани девор зери овори он монда, ҷон бохт.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон, ки ба нақл аз Sputnik،Дар Русия боз як муҳоҷири ҷавони тоҷик ба таври фоҷиабор даргузашт. Хабаргузории  ки ин ҳодисаи нохуш дар маркази дилхушии "Мегаполис", дар шаҳри Челябинск иттифоқ афтодааст.
 ин муҳоҷири тоҷикистонӣ рӯзи шанбе дар ошёнаи дуюми ин марказ машғул ба кор буд. Ӯ бояд як деворро аз байн мебурд, вале ин девори хиштӣ ба болояш фурӯ рехт.

Дар натиҷа муҳоҷири тоҷик дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Феълан Кумитаи тафтишотӣ ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.
Қаблан бар асари бархӯрди мошини муҳоҷирини тоҷик ба сутуни роҳ дар шаҳри Новосибирск се шаҳрванди Тоҷикистон сӯхта, ҳалок шуда буданд.