Корманди мустаъфии Фейсбук: Фейсбук иттилооти ғалат мунташир мекунад
(last modified Tue, 05 Oct 2021 14:27:59 GMT )
Октябр 05, 2021 19:27 Asia/Dushanbe
  • Корманди мустаъфии Фейсбук: Фейсбук иттилооти ғалат мунташир мекунад

Як корманд (хонум) –и мустаъфии Фейсбук гуфт, Фейсбук нафратпароканиро афзоиш медиҳад ва иттилооти ғалат мунташир мекунад ва боиси буҳронҳои сиёсӣ мешавад.

Франсис Ҳоуген дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии CBS –и Амрико афзуд: Тазоди манофеъ дар ширкати Фейсбук байни он чӣ барои мардум хуб асту он чӣ барои ширкат судовар аст, вуҷуд дорад.

Вай идома дод, ин ширкат ҳамеша суду манофеи худро бар ҳифозат аз эминии корбарон тарҷеҳ додааст.

Ин корманди мустаъфии Фейсбук изҳор дошт, бондҳои маводи мухаддир ва қочоқи инсон ба сурати ошкор аз Фейсбук истифода мекунанд.

Вай дар идома ба шабакаи телевизионии Си Би Эс гуфт, Фейсбук натоиҷи таҳқиқоти худро аз диди умум пинҳон мекунад ва эпликейшени Инстограми ин ширкат боиси осеб ба духтарони навҷавон мешавад.