Октябр 08, 2021 20:42 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи Байналмилалии Пул ваъда дод, ки иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки миллии Тоҷикистон барои тасвиби барномаи нави ислоҳот дар кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бино ба гузориши Радиои "Садои Хуросон" -и Тоҷикистон, иқтибос аз "Sputnik"،Ҳамкории минбаъда дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайатҳои Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ҳамкориҳои муассир ва дастгирии СБП барои рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъкид кардааст.
Дар ҳамин ҳол ҷонибҳо қайд карданд, ки паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва сустшавии рушди иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар таъсир гузоштааст.

Ҷонибҳо барои тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Барчасп