Падари бомби атомии Покистон даргузашт
Абдулқодир Хон, маъруф бо номи падари бомби атомии Покистон дар синни 85-солагӣ даргузашт.
Телевизиони давлатии Покистон рӯзи 10-уми октябр хабар дод, ки Абдулқодир Хонро пас аз бемории шуш ба шифохона бурданд, ҳарчанд пештар аз он гузориш буд, ки ӯ ба COVID-19 гирифтор шудааст.
Ин мардро дар Покистон мисли қаҳрамони миллӣ медонанд, чун ӯ нахустин касе аст, ки дар як кишвари мусулмоннишин бомби атомӣ сохтааст. Покистон нахустин бор соли 1998 бомби нахустини атомиашро бо муваффақият озмоиш кард.Рақиби он Ҳинд, ин корро соли 1974 карда буд.
Парвиз Хаттак, вазири дифои Покистон дар Твиттер навиштааст, ки аз фавти Абдулқодир Хон “бисёр мотамзада” шудааст ва даргузашти ӯро “талафоти азиме” барои Покистон хонд. Вазирони дигари кишвар ҳам барои марги ӯ паёмҳои тассалият гуфтаанд.
Абдулқодир Хон фарди баҳсбарангез ҳам буд, чун ӯро ба фурӯхтани асрори атомӣ ба Куриёи Шимолӣ, Эрон ва Либия муттаҳам кардаанд. Физики покистонӣ моҳи феврали соли 2004 дар Телевизиони давлатии Покистон зоҳир шуд ва эътироф кард, ки ғайриқонунӣ асрори сохти бомби атомиро ба дигар кишварҳо медод. Бо вуҷуди ин Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи Покистон ӯро авф кард.