Октябр 29, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • Филми «Вақти чиғи анор» ба ҷашнвораи Оскар ирсол шуд

Филми синамоии «Вақти чиғи анор» ба унвони намояндаи синамоии Австралия ба Оскар меравад.

Навадучаҳорумин маросими Оскар дар 27 марти 2022 мелодӣ, мутобиқ бо 7 фарвардини 1401 шамсӣ баргузор мешавад.

Филми синамоии «Вақти чиғи анор» ба таҳиякунандагии муштараки Баҳир Вардак, Гароноз Мусавӣ, Кристиян Вилямс ва Марзия Вафомеҳр соли гузашта дар Кобул филмбардорӣ шудааст.

Ин филми синамоӣ маҳсули муштараки Афғонистон, Австралия, Ҳоланд ва Эрон аст.

Ин филм то кунун дар ҷашнвораҳо ва рӯйдодҳои муътабари байналмилалии бисёре чун Сидней, Сан Пауло ва Токио ҳузур доштааст.

Ҳишматуллоҳи Фаноӣ, Саида Содот ва Фаришта Олимӣ, бозигарони афғонистонии ин филми синамоӣ ҳастанд. Арафот Файз ва Илҳом Аёзӣ, бозигарони кӯдаки нақшҳои аслии филм ҳастанд ва Ҳасибо Иброҳимӣ низ дар ин филм ҳузури ифтихорӣ дорад.

 

Барчасп