Тавофуқи тиҷории Афғонистон ва Покистон
(last modified Mon, 15 Nov 2021 11:15:35 GMT )
Ноябр 15, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи тиҷории Афғонистон ва Покистон

Дар дидори масъулони давлати муваққати Толибони Афғонистон ва Покистон дар Исломобод, ду тараф дар бораи масоили тиҷорӣ тавофуқ карданд.

Нуриддин Азизӣ, сарпарасти Вазорати тиҷорати давлати муваққати Толибон дар Афғонистон рӯзи якшанбе дар Кобул гуфт: Дар дидори ахири ҳайатҳои  тиҷории Афғонистон ва Покистон дар Исломобод, дар бораи масоили транзитӣ ва тиҷорат, ба вижа тараддуди комюнҳои Афғонистон дар гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар, тавофуқ шуд.

Азизӣ афзуд: Дар ин дидор тавофуқ шуд 50 ҳазор тон гандуми эҳдоии Ҳинд аз роҳи Покистон ба Афғонистон интиқол ёбад.

Ин гуфта дар ҳоле матраҳ мешавад, ки «Ню-Йорк Таймс» гузориш медиҳад, ки давлати Покистон ҳанӯз ирсоли маҳмулаи гандум бо кумаки Ҳинд ба Афғонистон аз масири Покистонро таъйид накардааст.

Сарпарасти Вазорати тиҷорати Афғонистон ҳамчунин гуфт, тарафайн дар ин дидор тавофуқ карданд, ки иҷозаи транзити газ ва маводи нафтӣ аз Осиёи Миёна ба Покистон дода шавад.

Масоили тиҷорӣ дар равобити Афғонистон ва Покистон ҳамвора ҷузъи мавзӯоти танишбарангез ва ихтилофӣ байни ду кишвар будааст.

Тоҷирону бозаргонони Афғонистон дар солҳои ахир ҳамвора бо мавонеи бисёре барои интиқоли коло аз масири Покистон ба кишварашон мувоҷеҳ будаанд.

Бо вуҷуди он ки Покистон бузургтарин шарики тиҷории Афғонистон маҳсуб мешавад, аммо умдатарин чолишҳои ҳавзаи тиҷорати Кобул низ бо Исломобод аст.

Бо рӯйи кор омадани Толибон дар Афғонистон ва мавзеи ҳимоятии Покистон аз ҳокимияти ин гурӯҳ, ин пешбинӣ вуҷуд дошт, ки чолишҳои тиҷории ду кишвар коҳиш пайдо кунад ва мақомоти Исломобод дар ҷиҳати ҳимоят аз давлати Толибон, сабукиҳое барои ин гурӯҳ дар амри тиҷорат қоил шаванд.

Мувофиқати Покистон бо интиқоли гандуми эҳдоии Ҳинд аз хоки ин кишвар ба Афғонистон, аз ҷумлаи рӯйкардҳои ҳимоятии Исломобод аз давлати Толибон аст, ки дар моҳҳои ахир ба шеваҳои мухталиф дунбол шудааст.

Покистон дар чаҳор моҳи гузашта, ки Толибон бар Афғонистон тасаллут ёфтааст, талош карда аз абзорҳои дар ихтиёрдошта барои тасбити мавқеияти ин гурӯҳ истифода кунад.

Ройзанӣ бо кишварҳои мухталиф ва тарҳи мукаррари дархост аз кишварҳои ғарбӣ барои шиносоии расмии Толибон ба унвони ҳокимияти ҷадиди Афғонистон, аз ҷумлаи талошҳои Покистон барои кумак ба пойдории мавқеияти ин гурӯҳ аст.

Дархост аз Амрико барои озодсозии дороиҳои Афғонистон бо ҳадафи хуруҷи Толибон аз тангноҳои молӣ барои идораи ин кишвар ва ҳамчунин зарурати кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон барои убур аз буҳрони инсонии ношӣ аз гуруснагӣ, аз дигари иқдомоти Покистон дар ҳимоят аз давлати Толибон дар Афғонистон будааст.

Дар шароите ки давлати Толибон барои таъмини ниёзҳои асосии мардуми Афғонистон, аз ҷумла гандум бо маншаи дохилӣ ва хориҷӣ, бо чолиши таъмин мувоҷеҳ шудааст, Покистон бо вуҷуди ихтилофоти амиқи сиёсӣ бо Ҳинд, аммо мувофиқат карда, ки як маҳмула гандуми ин кишвар аз хоки Покистон ба Афғонистон фиристода шавад.

Ба иборати дигар, Покистон барои ҳимоят аз Толибони Афғонистон маҷбур шуда бо масъалаи транзити гандуми Ҳинд аз хоки он кишвар мувофиқат кунад то давлати мавриди ҳимояти Исломобод дар Афғонистон дастикам аз лиҳози таъмини гандум бо чолиш мувоҷеҳ нашавад.

Ҳинд, ки тағйироти сиёсӣ дар Афғонистон ва рӯйи кор омадани Толибон дар Афғонистонро барги барандаи Покистон медонад, талош дорад бо ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон битавонад монеъ аз нуфузи якҷонибаи Покистон дар Афғонистон шавад ва ирсоли 50 ҳазор тон гандум ба ин кишвар дар ростои наздикӣ ба Толибон ва ҳифзи манофеи Деҳлии Нав дар Афғонистон сурат гирифтааст.

 

Бештар бихонед: