Ноябр 17, 2021 17:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши баҳои газ дар Аврупо ҳамзамон бо сард шудани ҳаво

Ҳамзамон бо сард шудани  ҳаво дар Аврупо, Олмон аз таълиқи пружаи «Норд Стрим – 2» хабар дод, ки ин тасмим муҷиби афзоиши баҳои гази табиӣ дар Аврупо шуд.

Ҳафтаномаи «Нюзвик» навишт, хати лӯлаи «Норд Стрим -2» бо вуҷуди такмили сохти он дар авоили соли ҷорӣ, дар ҳоли ҳозир баҳрабардорӣ нашудаву Олмон онро то иттилои сонавӣ ба ҳолати таълиқ даровардааст. Ин хати лӯлаи газии муҳим пеш аз баҳрабардорӣ ба таъйиди мақомҳои олмонӣ ниёз дорад.

Олмон баҳона оварда, ки наметавонад муҷаввизи ин пружаро содир кунад, чун ки «Норд Стрим -2» таҳти моликияти ширкати «Газпром» -и Русия дар Швейтсария ва на дар Олмон сабт шудааст.

Ин таълиқ дар ҳоле аст, ки арзаи газ дар Аврупо дар ҳоли коҳиш аст. Камбуди гази табиӣ бо коҳиши тавлиди турбинаҳои бодӣ дар саросари минтақа муртабит аст. Русия албатта мувофиқат кардааст, ки дар сурати дархости аъзои Иттиҳоди Аврупо, барқи бештареро барои бақияи Аврупо таъмин кунад.

Полша, Украина ва Иёлоти Муттаҳида, се кишвари мухолифи иҷрои ин пружа ҳастанд. «Норд Стрим -2», ки мутааллиқ ба ғӯли газӣ таҳти контроли «Газпром» -и Русия, бо сармоягузории чанд ширкати аврупоӣ аст, дар зери дарёи Балтик сохта шудаву Полшаву Украинаро давр мезанад ва ин масъала эътирози ин кишварҳоро боис шудааст.

 

 

Барчасп