Байден ихтиёроти раёсатҷумҳурии Амрикоро аз Ҳаррис пас гирифт
(last modified Sat, 20 Nov 2021 05:42:45 GMT )
Ноябр 20, 2021 10:42 Asia/Dushanbe
  • Байден ихтиёроти раёсатҷумҳурии Амрикоро аз Ҳаррис пас гирифт

Кохи Сафед эълом кард, Ҷо Байден пас аз анҷоми озмоишҳои пизишкӣ ба Кохи Сафед бозгашта ва вазоифаш ба унвони раисиҷумҳури Амрикоро азсар гирифтааст.

Кохи Сафед рӯзи ҷумъа дар баёнияе тасреҳ кард, Байден пас аз интиқоли муваққати қудрат ба Камала Ҳаррис, муовинаш барои ҷараёни озмоишҳои пизишкӣ, вазоифашро аз сар гирифтааст.

Пас аз онки Ҷо Байден ба бемористони низомии Уолтера Рида барои анҷоми озмоишҳои пизишкӣ мунтақил шуд, қудратро ба таври муваққат ба Ҳаррис вогузор кард то вай барои соате ба унвони нахустин раисиҷумҳури зан дар Амрико табдил шавад.

Байден дар ҷараёни озмоишҳои пизишкии имрӯз барои анҷоми колоноскопия ба таври муваққат беҳӯш шудааст.

Бемористони низомии Уолтера Рида ҳамон бемористоне аст, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико баъд аз ибтило ба вируси корона, ба ин марказ дармонӣ рафт ва дар он мудово шуд.

Аз замоне, ки Байден расман вориди корзори муқаддамотии Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 шуд, ба далели иштибоҳоти мукаррараш гумоназаниҳои зиёде дар бораи вазъияти саломати ҷисмӣ ва зеҳнии ӯ шудааст.

Расонаӣ шудани муроҷиаи Байден ба бемористон дар шароите анҷом шуда, ки рӯзи гузашта натоиҷи як назарсанҷии ҷадид аз дағдағаи аксарияти амрикоиҳо дар бораи вазъияти ҷисмии Байден ҳикоят дорад.

Бештар бихонед: