Марк Майли аҳмақ аст ва бояд ба далели хиёнат ба кишвар муҳокима шавад
(last modified 2021-11-27T07:42:30+00:00 )
Ноябр 27, 2021 12:42 Asia/Dushanbe
  • Марк Майли аҳмақ аст ва бояд ба далели хиёнат ба кишвар муҳокима шавад

Трамп раиси Ситоди муштараки артиши Арикоро ба далили талош барои монеъ шудан аз ҷанг бо Чин хиёнаткор номид ва хостори муҳокимаи вай шуд.

Донал Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико рӯзи ҷумъа дар баёнияе гуфт: Генерал Марк Майли яке аз чеҳраҳои аҳмақ дар артиши Аримко аст ва агар вай тасмимоте гирифта ва дастуроте дод, ки дар ниҳоят ба адами руёруии низомии Арико бо Чин мунҷар шуда, бояд қатъан дар мароҷеъи қонуни муҳокима шавад.

Бар асоси ин гузориш Трапм гуфт, хиёнат ба кишвар дар Амрико ҷурме аст, ки муҷозоти он эъдом аст.

Трамп афзуд: Ман ҳаргиз ба ҷанг бо Чин фикр намекардам, ман фақат ба ҷанге фикр мекардам, ки барандаи воқеъии он худам будам он ҳам ҷанги иқтисодӣ буд.

Марк Майли, раиси Ситоди муштараки артиши Амрико дар охири давлати Трамп ба сурати махфиёна бо тарафҳои чинӣ дар тамос буд то монеъ аз ташдиди танишҳо миёни ду тараф ва ҷанги эҳтимолии Вашингтон бо Пекин шавад.

Нигаронии воқеъии Вашингтон аз зуҳури Чин ба унвони қудрати аввали иқтисодии ҷаҳон то чанд соли оянда ва низ афзоиши рузафзуни қудрати низомии он аст, ки муъодилоти амнияти кунуни ва мавқеъияти суннатии Амрико дар шарқи Осиё ба унвони қудрати низомии таъсиргузорро ба чолиш кашидааст.
Амрико муддаӣ аст, ки иқдомоти чандсоли ахири Чин бавижа дар дарёи ҷануб сабаби ба хатар афтодани озодии киштирони ва таҳдиди амнияти кишварҳои ин ҳавзаи обӣ шуда аст, зимни ин, ки Пекин бо ҷиддият ба эҳдоси ҷазираҳои маснуъи бо ҳадафи тавсияи қаламрави обӣ дар ростои аҳдофи иқтисодӣ ва стратежикии худ дар дарёи ҷануби Чин идома медиҳад, лизо Амрико ба ҳамроҳи мутаҳидонаш ба тақвияти ҳузури неруҳои дарёӣ ва ҳавоии худ дар ин минтақа пардохтанд. Бо ин ҳол бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Амрико барағми ҳазинаҳои бузурги низомияш дар ҷанги тамомаёр бо Чин бозанда хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

Дидори маҷозии раисони ҷумҳурии Амрико ва Чин, такрори таъоруфот бидуни ҳалли ихтилофот

 

Барчасп