Ноябр 12, 2016 12:10 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар пойгоҳи Багром

Имрӯз дар пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багроми Афғонистон як таркиши қавӣ ба вуқӯъ пайваст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин инфиҷор наздик ба соати панҷи бомдоди имрӯз, ба вақти маҳаллӣ дар пойгоҳи низомиёни америкоӣ дар Багром рӯй дод ва гуфта мешавад, талафоте низ дар пай доштааст.

Ба навиштаи хабаргузории ИРНА, ин инфиҷор мӯҷиби кушта шудани ҳадди ақал 3 тан ва маҷрӯҳ шудани 13 нафари дигар гаштааст. То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба уҳда нагирифтааст ва манобеи низомиёни амрикоӣ низ дар ин бора вокуниш нишон надодаанд.

Ноҳияи Багроми Афғонистон, ки бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар он қарор дорад, яке аз ноҳияҳои вилояти Парвони ин кишвар аст. Наздик ба даҳ ҳазор низомии Амрико дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва шумори талафоти ин нерӯҳо дар ҷанги Афғонистон то кунун ба беш аз 2400 нафар расидааст.