Кушта шудани саркардаи гурӯҳи террористии “Ҷундуллоҳ” дар Покистон
(last modified Sat, 12 Nov 2016 12:08:29 GMT )
Ноябр 12, 2016 17:08 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани саркардаи гурӯҳи террористии “Ҷундуллоҳ” дар Покистон

Саркардаи гурӯҳи террористии ба номи “Ҷундуллоҳ”, дар ҷанубу ғарби Покистон кушта шуд.

Ба гузориши шабакаи Саҳар, Ориф- маъруф ба Соқиб, саркардаи гурӯҳи террористии ба номи “Ҷундуллоҳ”, дар амалиёти дирӯзи нерӯҳои амниятии Покистон дар шаҳри Ҳуби аёлати Балучистон кушта шуд.

Ҳамсар ва фарзанди ин саркардаи гурӯҳи такфирӣ низ дар ин ҳамла захмӣ шуданд.

Саркардаи гурӯҳи террористии бо номи “Ҷундуллоҳ” бо гурӯҳҳои террористии ДИИШ, Алқоида ва Ҷамоати ал-Аҳрор низ дар иртибот буда ва дар ҳамалоти террористӣ ва куштори мардуми бегуноҳ дар Покистон, дахолат доштааст.

Хабари дигар ин ки ду террористи дигар низ бо шиллики гулӯлаи неруҳои амниятии Покистон, дар мантиқаи Панҷгури иёлати Балучистон кушта шуданд.

Дар ин ҳамла, ҳамчунин як неруи амниятии Покистон захмӣ шуд.