Декабр 05, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Амрико масъӯли авзоъи нобасомони Афғонистон аст

Дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон гуфт : Амрико масъӯли авзоъи нобасомони кунунӣ дар Афғонистон аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саидаббоси Ироқчӣ дар дидори Мот Кенудсен-муовини намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллал дар умӯри Афғонистон тасреҳ кард : Ҳузури Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ошуфтагиву нобасомонӣ барои мардуми минтақаро ба дунбол доштааст. Дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон мавзеи Ҷумҳурии исломии Эронро пайгирии рӯйкарди минтақаӣ барои ҳаллу фасли масоили Афғонистон, ташкили давлати фарогир дар Кобул, тазмини амният дар ин кишвар ва ҳамчунин амнияти марзӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон донист .

Мот Кенудсен ҳам бо қадрдонӣ аз нақшофаринии муассири Эрон дар мавзӯи Афғонистон ва пазириши оворагону паноҳандагони афғонистонӣ бар ҳифзу тадовуми ройзаниҳои Созмони Миллали Муттаҳид бо Эрон дар бораи авзоъи Афғонистон таъкид кард .
Муовини намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллал дар умӯри Афғонистон дар ҳамин ҳол бо ташреҳи вазъияти майдонӣ дар Афғонистон тавваҷуҳи ҷиддии ҷомеъаи байналмиллалӣ ба мушкилоти асосии мардуми Афғонистон ба вижа бо тавваҷуҳ ба наздикии фасли зимистонро хостор шуд.

Низомиёни амрикоӣ пас аз 20 соли ишғолгарӣ ва нобуд кардани зерсохтҳои иқтисодии Афғонистон авохири моҳи август бо шармандагӣ, сарафкандагӣ ва шикаст аз ин кишвар хориҷ шуданд . Гуруҳи Толибон ҳам аз 15 август қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст.

 

Барчасп