Эътирофи Кохи Сафед ба афзоиши ноамнӣ ва хушунат дар Амрико
Сухангӯи Кохи сафед эътироф кард, мо шоҳиди афзоиши ҷурму ҷиноят дар Амрико дар ҷараёни ҳамагирии корона ҳастем.
Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, Ҷеннифер Саки дар нишасти хабарӣ гуфт, ончӣ давлати Амрико бар он тамаркуз дорад ин аст, ки бибинад чӣ кор метавонад барои муқобила бо афзоиши ҷурму ҷиноят дар ҷараёни ҳамагирии корона анҷом диҳад. Раисҷумҳур афзоиши таъмини эътибор аз маҳали буҷатро дар ин замина пешниҳод кардааст то итминон ёбем идороти маҳаллии полис ва полис таъмини молии лозимро доранд.
Ин дар ҳоле аст, ки ба навиштаи рӯзномаи Daily Mail, аксари амрикоиҳое, ки дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекунанд беш аз онки нигарони қатъи буҷаи полис бошанд, нигарони афзоиши ҷурму ҷиноят ҳастанд.
Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.
Ташдиди мушкилоти иқтисодӣ ва афзоиши бекорӣ дар сояи буҳрони корона, рушди қобили таваҷҷӯҳе дар густариши ноамнӣ ва хушунатҳои иҷтимоӣ дар Амрико доштааст.
Озод будани ҳамли силоҳ дар Амрико рӯзона ба бурузи хушунатҳои муртабит бо тирандозӣ дар саросари ин кишвар мунҷар мешавад, ки бисёре аз онҳо маргбор аст, аммо лобии силоҳ дар Амрико ба андозае қудратмандаст, ки токунӯн Конгресси ин кишвар ҳозир нашуда иқдомотеро барои маҳдӯд кардани ҳамли силоҳ анҷом диҳад.
Бештар бихонед:
- Афзоиши хушунатталабӣ дар расонаҳои иҷтимоии Амрико
- Афзоиши хушунатҳои хонаводагӣ дар давраи шуюи корона дар Амрико