Авҷгирии Омикрон дар Олмон
(last modified Sat, 25 Dec 2021 08:57:30 GMT )
Декабр 25, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Авҷгирии Омикрон дар Олмон

Вазири беҳдошти Олмон эълом кард, дар остонаи соли ҷадиди милодӣ, омори мубталоён ба Омикрон, навъи ҷадиди корона дар ин кишвар афзоиши чашмгире ёфтааст.

Йенс Шпан (Jens Spahn) бо ишора ба афзоиши мубталоён ба Омикрон дар Олмон гуфт, ин кишвар дар остонаи мавҷи панҷуми корона аз тариқи ҳамин навъи ҷадид аст.

Бар асоси ин гузориш, Созмони беҳдошти умумии Олмон эълом кард, токунӯн як бемори мубтало ба Омикрон дар Олмон ҷони худро аз даст дода ва 3200 мавриди ибтилои қатъӣ ва машкӯк ба ин навъ ба сабт расидааст.

Мақомоти беҳдоштии Олмон аз ҷашнҳо ва давриҳамиҳои поёни солу интишори ин навъи ҷадид нигаронанд ва ба мардум тавсия мекунанд, илова бар ҳифзи муқаррароти беҳдоштӣ ва дарёфти ҳар се дози воксан, тести коронаро ҳам мураттаб анҷом диҳанд.

Шумори мубталоён ба вируси корона дар Олмон тайи 24 соати гузашта бо 22 ҳазору 214 маврид афзоиш ба шаш миллиону 981 ҳазору 281 маврид расид.

Шумори ҷонбохтагон бар асари вируси корона дар Олмон низ бо 157 нафар афзоиш ба 110 ҳазору 276 нафар расид.

Навъи Омикрон, ки тавассути Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ «навъе нигаронкунанда» аз вируси Ковид19 номида мешавад, ба таври билқувва муассиртар аз анвоъи қаблии ин беморист, агарчӣ коршиносон ҳануз намедонанд, ки оё ин беморӣ дар муқоиса бо соири гӯнаҳо боиси эҷоди ҳолати шадидтари Ковид19 мешавад ё хайр.

Бештар бихонед: