Декабр 30, 2021 18:36 Asia/Dushanbe
  • Рекорди ҷадиди шумори мубталоёни рӯзонаи корона дар Амрико: 420 ҳазор маврид

Дар 24 соати гузашта аз тамоми иёлатҳои Амрико беш аз 420 ҳазор мавриди  ҷадид гирифтор ба вируси корона гузориш шуд.

Оморҳои мунташиршуда аз раванди густариши вируси корона дар Амрико нишон медиҳад, ки мизони ибтилоёни рӯзона дар ин кишвар баъд аз ҳудуди 23 моҳ ба бештарин миқдори худ аз замони шуруъи ҳамагирии ин бемори дар Амрико расида аст.

Мутобиқи додаҳои донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, ки дар сайти он мунташир шуда аст дар як рӯзи гузашта низ беш аз 1500  амрикоӣ бар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Ба ин тартиб теъдоди кулли мубталоён ба вируси Ковид-19 дар Амрико бар асоси эъломи донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс ба беш аз 53 миллиону 649 ҳазор ва теъдоди қурбониён бар асари ин беморӣ ба 822791 тан афзоиш ёфт.

Ин дар ҳоле аст, ки омори вебгоҳи (Worldometer) сабти 465670 мубталои рӯзона ва 1777 фавтиро дар Амрико нишон медиҳад, ки рақами нисбатан болотар аз омори ироашуда тавасути донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс аст.

 

Барчасп